Ҷон бохтани 11 нафар бар асари ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 25 May 2018 14:46:48 GMT )
Май 25, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 11 нафар бар асари ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Бар асари вуқӯи ҳодисаҳои табиӣ дар пайи боришҳои фаровони ахир дар нуқоти мухталифи Тоҷикистон 11 тан ҷон бохтанд.

Бориш шадиди борон ва ба думболи он ҷорӣ шудан сел дар як ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон сабаби ин фоҷиаҳои инсонӣ шудааст.

Гуфта мешавад 3 нафар аз ин қурбониён сокинони ноҳияи Панҷ, воқеъ дар хатти марзии Тоҷикистон бо Афғонистон будаанд.

Дар ҳамин ҳол гузориш шудааст, ки се сарбози узбакистонӣ низ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар сел гирифтор шуда ва нопадид шудаанд.

Ҷасади яке аз ин сарбозон дар канори рӯдхонаи Кофарниҳон дар қаламрави Тоҷикистон пайдо шудааст.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ба далели кӯҳистонӣ будани ин кишвар даҳҳо нафар бар асари ҳодисаҳои табиӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.