Май 26, 2018 10:22 Asia/Dushanbe
  • Анохин: Теъдоди тоҷикони диишӣ бештар аз омор аст

Муовини Фарҳангистони улуми геополотикаи Русия мӯътақид аст, теъдоди аъзои тоҷики гурӯҳи террористии ДИИШ ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст.

Ба гузориши Спутник, Владимир Анохин ба 28 шаҳрванди Тоҷикистон ишора карда, ки муттаҳам ба ҷазби неру ва таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ дар хоки Русия ҳастанд ва ин кишвар номи онҳоро ба Пулиси байналмилал (Интерпол) додааст.

Бештар ин афрод ҳангоми ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир бо узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ, иқдом ба ҷазби неру, тасҳили интиқоли ҷангҷӯён ба Сурия ва Ироқ, тарроҳии амалиёти террористӣ ва ҷамъоварии кумаки молӣ барои созмонҳои ифротӣ кардаанд.

Бар ин асос, Маскав номҳои ин афродро дар феҳрасти афроди таҳти пайгарди қазоии Интерпол қарор додааст.

Дар миёни ин афрод номи Абушаҳид Турсуно, шаҳрванди 32 солаи Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки муттаҳам ба тарроҳии амалиёти номувафақи сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2015, таблиғи афкори гурӯҳҳои террористӣ дар Русия ва узвият дар гурӯҳи ДИИШ аст.

Дар ҳоли ҳозир пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ мушаххас нест Абушаҳид Турсуно дар куҷо пинҳон шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти қазоии Тоҷикистон, наздик ба 500 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ба Сурия ва Ироқ азимат кардаанд, дар ин ду кишвар кушта шудаанд.