Мамнуъияти сафар ба хориҷ бидуни муҷаввизи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
(last modified Mon, 28 May 2018 04:01:23 GMT )
Май 28, 2018 09:01 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъияти сафар ба хориҷ бидуни муҷаввизи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сафари устодони донишгоҳҳо, донишҷуён ва муҳаққиқонро ба хориҷ аз кишвар бидуни муҷаввизи ин ниҳод, мамнуъ эълом кард.

Ба гузориш сомонаи Toptj.com, акнун кормандони ин вазорат, раисон ва устодони донишгоҳҳо, мудирон ва омузгорони мактабҳо ва донишҷуёну донишомузон танҳо бо муҷаввизи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон метавонанд ба хориҷ сафар кунанд.

Ҳамчунин афроде, ки барои маъмуриятҳои 15-рӯза ба хориҷ аз кишвар мераванд, илова бар муҷаввизи ин вазоратхона бояд мувофиқати хаттии Вазорати умури хорҷаи Тоҷикистонро низ дошта бошанд.

Бар асоси ин дастур, афроде, ки барои ширкат ва суханронӣ дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ аз кишвар хориҷ мешаванд, муваззаф ҳастанд матни суханронии худро қабл аз сафар ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ироа диҳанд.

Онон ҳамчунин муваззаф ҳастанд, пас аз бозгашт аз чунин сафарҳои хориҷӣ, гузориши худро ба мақомоти ин вазорат ироа кунанд.

Аз сӯи дигар омӯзгорон ва донишомузони мактабҳои ин кишвар низ танҳо пас аз муҷаввизи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон метавонанд дар олимпиадҳо ва озмунҳои илмии байналмилалӣ ширкат кунанд.