Бозсозии қисмати тахрибшудаи роҳи Душанбе-Чаноқ
Июн 04, 2018 16:20 Asia/Dushanbe
Ширкати муваззаф ба нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ- innovative road solutions эълом кард, ки қисмати тахрибшудаи ин роҳ бозсозӣ шудааст.
Ба нақл аз Авесто, субҳи ҷумъа 2 июн қисмате аз танҳо роҳе, ки шимоли Тоҷикистонро бо ҷануби ин кишвар васл мекунад, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ хароб шуд.
Далер Абдуллоҳ, сухангуи ширкати innovative road solutions гуфт, қисмати тахрибшудаи роҳ, ки 35 метр аст, бозсозӣ шуда ва дар рӯзҳои наздик қарор аст, асфалт шавад.