Хези 7 миллиард долларии Тоҷикистон барои тавсеа то соли 2020
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди кишвар 7 миллиард доллар ҷудо мекунад.
Ба иттилои мақомоти иқтисодии Тоҷикистон, ду соли ахир барои иҷрои ҳамин мақсадҳо аз буҷаи Тоҷикистон наздик ба 4 миллиард доллар ҷудо хоҳад шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои се соли баъдӣ (солҳои 2018-2020) барои иҷрои "Барномаи рушди Тоҷикистон дар солҳо 2016-2020" аз буҷаи давлат наздики 70 миллирад сомонӣ (7,7 миллирад доллар) ҷудо хоҳад кард.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ду соли ахир ҳукумат барои иҷрои ин мақсад 36 миллирад сомонӣ равона кардааст.
Рушди иқтисод аз ҳисоби боло бурдани талаботи сармоягузорӣ ва истеъмолӣ дар асосӣ маблағгузории дохилӣ ва беруна таъмин хоҳад шуд.
Дар рушди иқтисоди Тоҷикистон амалисозии барномаҳои содирот ва ҷойгузини воридот, ки вобастагии кишварро аз воридоти маводи ғизоии ашёи хом ва молҳои дигар кам мекунад, саҳм хоҳад гузошт.
Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 20 миллион доллар кам шудааст. Дар маҷмӯъ қарзи берунаи Тоҷикистон ба 1 апрели соли ҷорӣ 2,859 миллиард долларро ташкил дод.