Июн 07, 2018 08:52 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии рушди иқтисоди Тоҷикистон аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ

Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише пешбинӣ кардааст, ки рушди тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2018 ба 6,1 дарсад ва дар солҳои 2019 ва 2020 ба 6 дарсад хоҳад расид.  

Ба нақл аз Тоҷикта, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки рушди тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистон соли 2017 7,1 дарсад буд, ки имсол бо коҳиши 1 дарсадӣ ба 6,1 дарсад хоҳад расид.

Бар асоси пешбинии Бонки ҷаҳонӣ солҳои 2019 ва рушди тавлиди маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистон ба 6 дарсад хоҳад расид, ки омили ин коҳиш идомаи буҳрони иқтисодӣ дар кишвар хоҳад буд. Мушкили бонкҳои буҳронзадаи Тоҷикистон соли 2018 ҳамчунон идома хоҳад дошт, ки ин амр муҷиби коҳиши ихтисоси қарзҳо ба бахши хусусӣ мешавад.