Июн 08, 2018 18:09 Asia/Dushanbe
  • Талоши давлати Тоҷикистон барои бозгардонидани мухолифон

Мақомоти давлати Тоҷикистон дар чорчуби барномае вижа барои бозгардонидани аъзои гурӯҳҳои мухолиф, талошҳои худро шиддат бахшидаанд.

Умарҷони Эмомалӣ сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни як мусоҳибаи радиоӣ ин матлабро таъйид кард.

Вай гуфт: То ба ҳол тамосҳое миёни пайвандон ва ё худи аъзои гурӯҳҳои мухолиф ва намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон барқарор шудааст.

Пеш аз ин, дар як навори видеоӣ, ки шуморе аз сомонаҳои хабарӣ онро мунташир карданд, Шоҳрух Саидзода, раис бахши кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз бозгардонидани 16 ё 17 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд.

То ба ҳол чанд тан аз намояндагони гурӯҳҳои мухолифе чун ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд, ки мақомоти тоҷик ин бозгаштҳоро ихтиёрӣ хондаанд.

Афзун бар ин шуморе аз аъзо ва гурӯҳи ифротӣ-террористии ДИИШ ва ё бастагони онҳо низ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки чанд кӯдак ва навҷавон низ миёни онҳо ҳастанд.