Июн 13, 2018 12:44 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои садақаи фитрия ба як бонуи маълули тоҷик

Садақаи фитрияи сокинони як маҳалла дар рустои Баракати ноҳияи Ҳисор ба хариди вилчер (аробаи маълулӣ) барои як бонуи маълул ихтисос дода шуд.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну ойинҳои миллии Тоҷикистон, рӯзи сешанбе тайи маросиме ин вилчер ба хонум Моҳраҷаб Тайибова эҳдо шуд ва ин сомона аз он ба унвони “як иқдоми нек” ёд кард.

Ҳамин манбаъ меафзояд, Моҳраҷаб Тайибова 25 сола аст ва аз доштани ҳар ду по маҳрум аст.

Ихтисоси садақаи фитрия ва дигар хайроти шаръӣ ба умури хайрхоҳона тайи солҳои ахир дар кишвари мусалмоннишини Тоҷикистон ривоҷ ёфтааст.

 Беш аз 98 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд.