Театри Узбакистон бо барномаи ҳунарӣ ба Тоҷикистон меояд
Июн 18, 2018 13:34 Asia/Dushanbe
Театри давлатии мусиқии Узбакистон ба номи Муқимӣ, аз 29 июн то 2-уми июл дар Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.
Ба гузориши сойти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳунармандони Узбакистон рӯзи 29 июн дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд рӯзи 30 июн дар театри Лоҳутии Душанбе ва рӯзи якуми июл дар театри шаҳри Бохтар ба номи А.Муҳаммадҷонов ҳунарнмоӣ хоҳанд кард.
Ҳунармандони Узбакистон дар ҷумҳурии Тоҷикистон намоишномаи "Арӯси нохушоянд"-ро иҷро хоҳанд кард.
Қобил зикр аст, ки ин нахустин сафар ҳунарии ҳунармандони Узбакистон ба Тоҷикистон дар солҳои пас аз истиқлол аст.
Театри давлатии мусиқии Узбекистон рӯзи 30 ноябри соли 1939 эҷод шудааст.