Июн 19, 2018 18:37 Asia/Dushanbe
  • Боздиди сафири режими саҳюнистӣ аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Сафири режими саҳюнистӣ дар Тоҷикистон Шапира Эдуард ба Парлумони  Тоҷикистон ташриф оварда, бо  вакилони Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов ва Миралӣ Достизода мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои «Ховар», дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Исроил ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо давлати  Исроил, бахусус тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Исроил изҳори қаноатмандӣ карда шуда, барои роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва туризм таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Дар мулоқот доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар танзими вазъи сиёсию низомии Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Исроил дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.