Июн 23, 2018 11:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти тоҷикон аз тими футболи Эрон дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Шумори бисёре аз корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла теъдоде аз ҷеҳраҳои матраҳи фарҳангӣ, илмӣ ва маданӣ ҳимоят ва ҳаводории қотеъи худро аз тими миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол эълом карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳимояти тоҷикон аз тими миллии футболи Эрон дар шабакаҳои маҷозӣ, ки пеш аз шуруъи Ҷоми ҷаҳонӣ дар Русия оғоз шуда буд, пас аз пирӯзии ин тим дар бозии нахуст баробари Марокаш ва сипас бозии таҳсинбарангезаш дар баробари тими пурқудрати Испания ба авҷи худ расид.

Обид Шакурзода-рӯзноманигор ва пажуҳишгари саршинос бо гузоштани тасвирҳое аз парчамҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук ин матни ҳамосиро навиштааст:

"Чашми ҷаҳон ба сӯи ту аст эй Эрон, пирӯз бод Эрон дар ҷаҳон!

Мо на Мессӣ ва на Роналдо ва на Санчез, на Салоҳ на Фринандес дорем мо як пора хоки мушкангез аз Душанбеву Хуҷанду Хатлон ва Самарқанду Бухоро ва Бадахшону Хуросону Балху Бомиён то Тусу Нишобур ва Шерозу Исфаҳон то сартосари қалби ҷаҳон яъне Эрон туро мухлисем.

Мо пирӯзем. Эрон пирӯз аст."

Обид Шакурзода дар мавриди бохти нобоваронаи тими Эрон баробари Испания низ навишт: Эрони мо амалан як даста (тим)и ҳирфаии тавонмандии муташаккил аз ҳайъати ду супербошгоҳи матраҳи олам (Реал ва Барселона)-ро пеши ру дошт ва ситораҳои испанияӣ дар баробари шуҷоати сарбаландонаи шерони Мозандарон бефуруғ буданд.

Ин шахсияти фарҳангӣ ва илмии тоҷик ҳамчунин бозтоби бозии сарбаландонаи Эрон баробари Испанияро дар расонаҳои ҷаҳон бо хати криллӣ мунташир кардаааст.

Қироншоҳ Шарифзода-рӯзноманигори ботаҷриба ва устоди донишгоҳи милли Тоҷикистон ҳам дар бораи бозии Эрону Испания навишт:" Ин як бозии хотирмон буд; Роналдо ҳатман бо тарсу дилҳура ин бозиро тамошо кардагист."

Хонум Файзиниссо Воҳидова- вакили мудофеъи саршиноси тоҷик ҳам навишт, ки агарчи аз бохти тими миллии Эрон нороҳатам вале боз ҳам ҳаводори ин тим ҳастам.

Нури Муҳаммад Истам- шоири ҷавони тоҷик низ навишт : Тими миллии Испания моломол аз бозикунони Барселона ва Реал аст ин ҳама бозикунони машҳур, аммо барои Эрон  пирӯзӣ мехоҳам.

Барчасп