Эътироф ва узрхоҳӣ барои асардуздӣ аз раис
Корманди Китобхонаи Миллии Тоҷикистон аз раиси собиқи худ ва нашрияи давлатие, ки мақолаашро чоп карда буд, ба хотири дуздии асари илмӣ узрхоҳӣ кард.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Ҷамил Валиев дар посухе, ки дар нашрияи расмии “Народная газета” чоп шуда, эътироф кардааст, 80 дарсад аз мӯҳтавои мақолааш аз мақолаи Шариф Комилзода, мудири собиқи Китобхонаи Миллӣ нусхабардорӣ шуда ва манбаи онро ҳам зикр накардааст.
Мақолаи Ҷалил Валиев бо унвон “Нақши китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир” рӯзи 30-юми майи соли 2018 дар шумораи 23-юми “Народная газета” - нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон мунташир шуда буд.
Валиев дар ин эътироф ҷузъиёти иқтибоси худро низ шарҳ додааст.
Ӯ бо узрхоҳӣ аз Шариф Комилзода ва идораи нашрияи “Народная газета”, ин кори худро тибқи Қонуни матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умуми Тоҷикистон, як навъ дуздии асари илмӣ дониста, ки дар он аз андеша ва навиштаҳои муаллифи дигаре истифода шуда, вале ҳатто иқтибосҳо ҳам дар поварақ наомадааст.
Шариф Комилзода, мудири собиқи Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ва яке аз коршиносони ҳирфаӣ дар риштаи китобдорӣ аст ва дар ҳоли ҳозир ба унвони муовини мудири Китобхонаи Миллӣ анҷоми вазифа мекунад.