Тоҷикистон ва эҳтимоли воридоти бензини арзонтар аз Қазоқистон
(last modified Thu, 28 Jun 2018 04:35:01 GMT )
Июн 28, 2018 09:35 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва эҳтимоли воридоти бензини арзонтар аз Қазоқистон

Муовини мудири Ширкати милли фаровардаҳои нафт ва гази Қазоқистон дар умури ҳамлу нақл ва бозорёбӣ муътақид аст, ки Тоҷикистон метавонад бензини мавриди ниёзи худро аз ин кишвар ба қимати ба маротиб арзонтар аз Русия харидорӣ кунад.  

Ба нақл аз Спутник, Дониёр Тиёсев гуфтааст, ки кишвараш метавонад аз тирамоҳии имсол фурӯши бензин ба Тоҷикистонро ба қимати арзонтар дар муқоиса бо Русия оғоз кунад, чаро, ки аз поизи имсол Қазоқистон бо афзоиши тавлиди бензин дар полоишгоҳҳои худ барои фурӯши 400 ҳазор тонна аз ин навъ сӯхт ба хориҷ омода мешавад ва Тоҷикистон аз ҷумлаи муштариёни эҳтимолиаш хоҳад буд.  

Қимати бензини содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистон дар муқоиса бо бензини воридотӣ аз Русия арзонтар аст. Илова бар ин, Қазоқистон то 2019 бо афзоиши тавлиди бензин аз зарфияти содироти 1 миллиону 200 ҳазор тонна аз ин навъ сӯхт ба Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон бархурдор хоҳад шуд.

Таи рӯзҳои ахир қимати 1 литр бензин дар Тоҷикистон аз 7 сомонӣ фаротар рафта ва ба 8 сомонӣ низ расидааст.