Эъломи 4 рӯз таътили расмӣ дар Тоҷикистон
Сентябр 05, 2016 19:15 Asia/Dushanbe
Давлати Тоҷикистон ба муносибати солрӯзи истиқлоли ин кишвар ва дар остонаи фаро расидани Иди Қурбон, 4 рӯз таътили расмӣ дар ин кишвар эълом кард.
Давлати Тоҷикистон дар баёнияе эълом кард, дар остонаи фаро расидани Иди Қурбон ва Рӯзи истиқлол, 4 рӯз (9,10,11,12 сентябр) тамоми идороти давлатӣ таътил мебошанд.
Ҳар сола дар таърихи 9-уми сентябр солгарди истиқлоли Тоҷикистон тамоми идороти ин кишвар таътил ва маросими ҷашн баргузор мешавад.
Имсол Ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар рӯз ҷумъа қарор гирифта ва дар ин кишвар рӯз шанбе ва як шанбе низ таътил мебошад аз тарафи дигар дар таърихи 12 сентябр низ рӯзи Иди Қурбон ва рӯзи таътили расмӣ мебошад.