Маҳкумияти як қарздори бонк ба 9 соли зиндон
Як қарздори бонк дар Тоҷикистон ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.
Дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи гузашта муҳтавои ин парвандаро расонаӣ ва эълом кард, шаҳрванд Абдураҳим Сатторов дар моҳи майи соли 2014 аз муассисаи эътибории "Нисорфом" ба қасди тиҷорат 240 ҳазор сомонӣ қарз бо суди 30 дарсад гирифтааст. Ӯ мутааҳҳид ба бозпардохти ин қарз дар тӯли 12 моҳ шуда буд, аммо аз ин амр сарпечӣ карда, куллан дарёфти ҳар гуна маблағеро мункир шудааст. Бад-ин тартиб алайҳи Абдураҳим Сатторов ба иттиҳоми барнагардонидани маболиғи қарзӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шуд ва додгоҳи Синои шаҳри Душанбе бо исботи тахаллуфоти муттаҳам ӯро ба муддати 9 сол равонаи зиндон кард.
Масъалаи қарзи бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳӣ бо суди боло аз як тараф ва сарпечӣ ё нотавонии муштариён дар бозпардохтҳо аз тарафи дигар ба мушкиле дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил шудааст.