“Суғд нюс” қасд дорад, “Фейсбук”-ро ба додгоҳ бикашад
(last modified Thu, 05 Jul 2018 04:46:00 GMT )
Июл 05, 2018 09:46 Asia/Dushanbe
  •  “Суғд нюс” қасд дорад, “Фейсбук”-ро ба додгоҳ бикашад

Мудири хабаргузории “Суғд нюс” (Sugd News)-и Тоҷикистон эълом кард, ба далели пок кардани матолиби ин сомона аз шабакаи “Фейсбук” қасд дорад, ин моҷароро ба додгоҳҳои байналмилалӣ бикашонад.

Ба гузориши хабаргузории “Суғд нюс”, Баҳманёр Нодиров гуфт, аз рӯзи чаҳоруми июли соли ҷорӣ тамоми ахбор ва матолиби ин сомона аз сафаҳоти шабакаи “Фейсбук” ҳазф шудааст ва ҳарчи аз номи ин хабаргузорӣ дар ин шабака мунташир шавад, ба унвони ҳарзанома (спам) пок мешавад. Ӯ таъкид кардааст, агар мудирияти шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” барои ислоҳи ин вазъ иқдом накунад, ин мавзӯъ ба додгоҳҳои байналамилалӣ кашонда хоҳад шуд, зеро хабаргузории “Суғд нюс” матлаби муғойир бо муқаррароти шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” мунташир накардааст ва ҳарзанома хондани хабар ва гузоришҳояш аз сӯйи ин шабакаро тавҳин медонад.

Ба гуфтаи мудири хабаргузории “Суғд нюс”, бо гузоштани матолиб дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” чунин паём меояд, ки “ба далели шабоҳати хабар ва гузоришҳои Шумо ба ҳарзанома аз интишори он худдорӣ мешавад”. Ҳатто талошҳо барои боргузории матолиби ин хабаргузорӣ аз тариқи дигар сомонаҳо низ ба ҷое нарсидааст ва ин паём ба сурати такрор мунташир мешавад.