Тоҷикистон – яке аз фаъолтарин кишварҳо дар Пулиси Байналамилал
Як намояндаи Пулиси Байналмилал гуфт, Тоҷикистон дар радифи панҷ кишвари фаъол дар такмили феҳрасти исмҳои ҷангҷӯёни хориҷӣ дар махзани иттилоотии Интерпол ба ҳисоб меояд.
Ба гузориши “TopTJ”, Элизабет Нюҳеубер, муовини намояндаи Интерпол ахиран дар нишасти Кумитаи мубориза бо терроризми Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, дар махзани иттилоотии Пулиси Байналамилал исми 43 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон яке аз 5 кишвари фаъол дар ироаи ин номҳост. Ба гуфтаи ин мақоми Интерпол, дар ҳоли ҳозир исми 2 ҳазору 500 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар феҳрасти афроди таҳти таъқиби Пулиси Байналмилал сабт шудааст. Абдулғаффор Азизов, намояндаи Тоҷикистон дар Интерпол низ дар соли 2017 таъйид карда буд, ки ин кишвар исми 2 ҳазору 500 нафар аз шаҳрвандонашро барои таҳти пайгарди қазоӣ қарор додан дар махзани иттилоотии Пулиси Байналмилал сабт кардааст.
Албатта, беш аз 1 ҳазор нафар аз ин афрод ҷангҷӯёнеанд, ки бо рафтан ба Сурия ва Ироқ ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд. Ҳамчунин теъдоде аз мухолифони сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон шомил дар феҳрасти афроди таҳти таъқиби Пулиси Байналмилал шудаанд.