Барраси равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе
Июл 07, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
Раиси Палатаи савдои Тоҷикистон ва сафири Қазоқистон дар Душанбе дидор ва тақвияти равобит тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишварро баррасӣ карданд.
Шариф Саид, раиси Палатаи савдои Тоҷикистон ва Нурлон Ситимов, сафири Қазоқистон дар Душанбе дидор ва масоили марбут ба тақвияти бештар ва тавсеаи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд.
Тарафайн дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи равобити дуҷониба дар тамомии масирҳои авлавиятдор ва мавриди алоқаи дутарафро мавриди баррасӣ қарор доданд.