Марди тоҷик бо риш ва тоқӣ дар Ҷоми ҷаҳонии 2018
Марди 50-солаи тоҷик бо риш ва тоқӣ барои дидани мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ, ба Русия рафтааст.
Ба гузориши Спутник, Сайидмуртазо Бобоназаров, марди 50-солаи тоҷик аз ноҳияи Ховлинги вилояти Хатлон бо чеҳраи тоҷикона, бо риш ва тоқӣ барои дидани мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ ба Русия рафтааст.
Вай изҳор дошт, ки тарафдори тимҳои Португалия ва Аргентина буда ва аз инки онҳо натавонистанд ба финал бирасанд, бисёр нороҳат аст.
Наврӯз Хайрулбашар номи корбаре дар Фейсбук аст, ки дар сафҳаи худ ин хабарро мунташир карда ва навиштааст, ин ҳаводори футбол ҳамзамон бо тамошои зиндаи футбол, Тоҷикистонро низ ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай ин марди тоҷик се бозии Олмон ва Шветсия, Австралия ва Перу, Португалия ва Уругувайро дар Сочи тамошо кардааст, вале орзуи вай акс гирифтан бо Месси ва Роналдо буд, ки амалӣ нашуд.
Ӯ мегӯяд, мутаассифона тимҳои Аргентина ва Португалия шикаст хӯрданд ва майдонро бо нороҳатӣ тарк карданд ва ба ҳамин далел фурсати акс гирифтан пеш наомад.
Вай аз ин ки бо тоқӣ ва риш ва чеҳраи тоҷиконааш дар ҷоми ҷаҳонӣ ҳузур пайдо карда, бисёр хушҳол аст ва мегӯяд, ки чеҳраи тоҷиконааш таваҷҷуҳи аксари хориҷиёнро ба худ ҷалб кардааст.
Вай ҳамчунин мегӯяд, вақте, ки аз ман мепурсиданд, ки аҳл кадом кишвар ҳастед, ман мегуфтам аз Тоҷикистон ва дар соли рушди гардишгарӣ онҳоро ба Тоҷикистон даъват мекардам.