Афзоиши дубораи қимати анвои сӯхт дар Тоҷикистон
Қимати бензин, равғани дизелӣ (солярка) ва гази моеъ барои дувумин бор тайи як моҳи гузашта дар марокизи арзаи сӯхт дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Ба гузориши сайти “Авесто”, дар пайи афзоиши арзиши доллар дар баробари сомонӣ - воҳиди пули миллии Тоҷикистон, мардуми ин кишвар шоҳиди афзоиши дубораи қимати анвои сӯхт тайи як моҳи ахир дар марокизи арзаи сӯхт шуданд.
Акнун як литр бензин, ки як моҳ қабл ба қимати 8 сомонӣ фурӯхта мешуд, ба қимати 8 сомониву 20 то 30 дирам арза мешавад.
Қимати як литр солярка низ бо афзоиши 30 дирамӣ, ба 8 сомониву 30 дирам расидааст.
Ҳамчунин як литр гази моеъ дар ин марокиз ба қимати 5 сомонӣ арза мешавад, ки қаблан 4 сомониву 70 дирам буд.
Гуфта мешавад, ки 70 дарсад аз гази моеи мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад, ки дар ин кишвар низ афзоиши қимати ин навъи сӯхт 10 дарсад эълом шудааст.
Аммо дар Тоҷикистон бо баҳона қарор додани ин мавзуъ, қимати як литр гази моеъро 40 дарсад афзоиш додаанд.
Мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки масъули назорат бар қиматҳо дар ин кишвар ҳастанд, мегӯянд, афзоиши қимати анвои сӯхт дар Тоҷикистон ба навасоноти қиматҳо дар кишварҳои содиркунанда ва бурсҳо иртибот дорад ва акнун машғули баррасии ин мавзуъ ҳастанд.
Аммо коршиносон муътақиданд, омили аслии афзоиши қиматҳо инҳисорӣ кардани воридоти сӯхт ба Тоҷикистон аз сӯйи чанд ширкат ва афроди наздик ба мақомоти ҳукуматӣ дар ин кишвар аст, ки бар рӯйи нархи маводи ғизоӣ низ таъсир хоҳад гузошт.
Ин дар ҳолест, ки қимати анвои сӯхт дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар аст.
Чунончӣ қимати як литр бензин дар Туркманистон 43 сент, дар Қазоқистон 52 сент, дар Ӯзбакистон 55 сент, дар Қирғизистон 69 сент ва дар Тоҷикистон 85 сент аст.