Ҳамлаи террористӣ дар Кобул бо 9 кушта
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36658-Ҳамлаи_террористӣ_дар_Кобул_бо_9_кушта
Дар ҳамла ба як дастгоҳ худрави кормандони Вазорати тавсеаи рустоии Афғонистон дар Кобул 9 тан кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 16, 2018 05:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ дар Кобул бо 9 кушта

Дар ҳамла ба як дастгоҳ худрави кормандони Вазорати тавсеаи рустоии Афғонистон дар Кобул 9 тан кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ҳашматуллоҳ Истонакзай, сухангӯи фармондеҳии полиси Кобул эълом кард, дар ин ҳамла, ки асри якшанбе дар минтақаи Доруламон, ғарби Кобул рӯй дод, 16 нафари дигар захмӣ шуданд

Ду шаҳрванди фаронсавӣ ҳам дар миёни кушташудагон ҳастанд.

Гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Чанд ҳафта пеш ҳам кормандони Вазорати тавсеаи рустоӣ ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифта буданд, ки дар он 13 тан кушта ва 31 тани дигар захмӣ шуданд ва гурӯҳи такфирии ДИИШ масъулияти онро бар уҳда гирифт.