Июл 17, 2018 08:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нуҳдарсадии қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи ду соли охир

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, қарзи хориҷии давлати Тоҷикистон тайи солҳои 2016-2017 ба далели фурӯши саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар хориҷ, дарёфти қарзҳои ҷадид аз Чин ва беқурб шудани арзиши сомонӣ нуҳ дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар гузориши ҷадиди ин ниҳоди молии байналмилалӣ таъкид шудааст, ки давлати Тоҷикистон тайи солҳои 2016-2017 бо афзоиши сақфи қарзи хориҷии худ аз 33 дарсад ба 42 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти тавлиди нохолиси миллии ин кишвар заминаи дарёфти қарзҳои хориҷии бештарро фароҳам сохтааст. Далоили афзоиши мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи ин ду сол фурӯши 500 миллион доллар саҳмияи молии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар хориҷ аз кишвар, ҷазби қарзҳои ҷадид аз Чин ва интишори авроқи баҳодор ба манзури ҳимоят аз бонкҳои буҳронзадаи ин кишвар унвон шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ таъкид кард, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки дар соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон бахши дувуми саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро дар хориҷ аз кишвар ба фурӯш бигузорад, ҳарчанд дар буҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2018 дар ин маврид банде ҳам дар назар гирифта нашудааст.

Мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 ба беш аз ду миллиарду 800 миллион доллар расида буд, ки аз ин миқдор қарзи хориҷӣ як миллиарду 200 миллион доллар муталлиқ ба кишвари Чин аст. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ 300 миллион доллар, Бонки Рушди Осиё 235 миллион доллар ва Бонки Рушди Исломию Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам 235 миллион доллар қарздор аст.