Июл 17, 2018 08:57 Asia/Dushanbe
  • Хонаводаи Мирсаидов ба давлати Тоҷикистон хисорот пардохт кард

Хонаводаи Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон, ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми ихтилоси молӣ ва сохтакории ҳуҷҷат ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, маблағи 124 ҳазор сомонӣ (муодили 13 ҳазор доллар) бобати ҷуброни хисороти молии ворида ба давлат пардохт кард.

Ба гузориши “Азиа плюс”, пеш аз ин Ҷӯрахон Раҳмон, додраси додгоҳи муҳокимаи Хайруллоҳ Мирсаидов гуфта буд, ки агар масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ин маблағро зудтар пардохт мекард, ба зиндон маҳкум намешуд. Аммо хонаводаи ин рӯзноманигори маҳкумшуда гуфтааст, ки пардохти маблағи ҷуброни хисорати молии ворида ба давлат аз сӯйи онон ба маънии пазириши иттиҳомоти додгоҳ нест, балки дар ин маврид озодии Хайруллоҳ Мирсаидов аҳамият дорад. Онон ибрози умедворӣ кардаанд, ки бо пардохти ин маблағ тайи рӯзҳои наздик Хайруллоҳ Мирсаидов озод мешавад.

Дар пайи маҳкумияти Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ба 12 соли зиндон аз сӯйи додгоҳи шаҳри Хуҷанд маҳофили рӯзноманигорони мустақил, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ ин иқдомро ба шиддат маҳкум карданд. Сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо озодии фаврии ин рӯзноманигор ва фаъоли фарҳангии тоҷикро хостор шуда афзудаанд, ки ҳукми сангини додгоҳ алайҳи Мирсаидов бо иттиҳомоти эъломшуда ҳамхонӣ надорад ва ин мавзӯъ метавонад бар ояндаи равобити Иттиҳоди Аврупо ва Амрико бо Тоҷикистон таъсири баде бигузорад.