Июл 20, 2016 09:32 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Авруосиёӣ ба давлати ин кишвар

Зимни нишасти хабарие сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки дар ҳукумати кишвар масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Ба иттилои Азия-Плюс, дар ин бора сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст: "Ба ин масъала натанҳо дар васоити ахбори умум, балки дар сохторҳои дахлдори давлатӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд".

Абдуфаттоҳ Ғоиб қайд кард, ки намояндагони Хадамоти гумрук дар гурӯҳи кории омӯзиши масъалаи мазкур фаъолият карда, ҳамаи маводи зарурӣ, аз ҷумла таҳлили ҳамаҷонибаи масъала таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод шудааст. "Қарори ниҳоиро дар ин хусус ҳукумати кишвар қабул мекунад".

Қобили зикр аст, ки аввали ҳамин моҳ раиси Кумитаи умури ИДМ, ҳамгиройии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Русия Леонид Слутский изҳор дошта буд, ки ояндаи наздик Тоҷикистон оид ба хоҳиши пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) изҳори назар мекунад.

Аввали моҳи феврали соли равон вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки ҷарёни омӯзиши масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то ҳол идома дорад.

Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.

Барчасп