Июл 18, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Дархости Кумитаи ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон барои озодии Зайд Саидов

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали муттаҳид хулосаашро дар бораи парвандаи Зайд Саидов зиндонии сиёсии тоҷик мунташир кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллал аз Тоҷикистон дархост кардааст Зайд Садиовро аз ҳабс озод ва ба вай ба хотири ҳабси ғайриқонунӣ ҷуброн пардохт кунад.

Кумитаи ҳукуқи башари Созмони Миллал барои иҷрои ин ҳукм ба Тоҷикистон 180 рӯз муҳлат додааст.

Кумитаи Созмони Миллали муттаҳид, ки аз соли 2015 бар руйи парвандаи Зайд Саидов таҳқиқот анҷом медод акнун ба ин натиҷа расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар парвандаи ин зиндонии сиёсӣ як силсила муқаррароти Паймони байналмиллалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандиро поймол кардааст.

Кумитаи ҳуқуқи башар эълом карда ҳукумати Тоҷикистон исрор меварзад, ки гуноҳи Зайд Саидов дар додгоҳ собит шуда, вале далеле наёвардааст, ки чаро ҳаққи вайро барои таъсиси ҳизби сиёсӣ бо боздошт ва зиндонӣ кардан шадидан маҳдуд кардааст.

Ин ниҳод афзудааст мақомоти Тоҷикистон метавонанд дар сурати зарурат мурофиаи парвандаи Саидовро бо риояти тамоми меъёрҳои як додгоҳи одилона дубора ташкил диҳанд.

Зайд Саидов, ки имсол ба синни 60 солагӣ расид моҳи майи соли 2013 пас аз эъломи тасмимаш барои таъсиси як ҳизби сиёсӣ бо унвони "Тоҷикистони нав" боздошт шуд.

Вай бо иттиҳомоти иқтисодӣ ва таҷовуз ба номус дар ду мурофиаи додгоҳӣ ба 29 сол зиндон маҳкум шуд.