Дархости мамнуияти истифода аз бастаҳои полиэтиленӣ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 19 Jul 2018 14:22:35 GMT )
Июл 19, 2018 19:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости мамнуияти истифода аз бастаҳои полиэтиленӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ба хотири ҳифзи муҳити зист пешниҳод карданд, ки аз истифодаи бастаҳо (пакетҳо)-и полиэтиленӣ даст кашанд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки мардум ба хотири ҳифзи муҳити зист аз истифодаи бастаҳои полиэтиленӣ даст кашанд.

"Масъалаи партовҳои пластикӣ ба мушкили доғи рӯз дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ба ҳамин хотир кумита дар мавриди марҳила ба марҳила даст кашидан аз истифодаи бастаҳои якдафъаинаи пластикӣ тадбирҳо меандешад" — эълон намудааст масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Максатулло Мардонов.

Мардонов таъкид кард, ки дар Тоҷикистон коргоҳҳои коркарди партовҳои пластикӣ боз мешаванд.

"Ин кор бисёр хуб аст, аммо мо ба ҳукумат роҳҳои дигар пешниҳод намудем — истифодаи бастаҳо аз коғаз ва матоъро пешниҳод кардем", — афзуд Мардонов.

Вай таъкид кардааст, ки барои бастаҳо аз коғаз ва матоъ шароити махсус фароҳам овардан зарур нест, чунки занон метавонанд онро дар коргоҳҳои хурди хонагӣ низ истеҳсол кунанд.

Дар ҳамин ҳол ахиран дар шаҳри Хуҷанд истифодаи зарфҳои пластикиро дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо манъ карда буданд.

Истифода аз зарфи пластикӣ барои хӯроки гарм мамнӯъ унвон карда мешуд.

Марказ муассисаҳои хӯроки умумии Хуҷандро огоҳ карда буд, ки дар сурати истифодаи зарфҳои пластикӣ, масъулони ошхонаву қаҳвахонаҳо ҷаримабандӣ мешаванд.