50 муаллими ҷадиди рус дар роҳи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36767-50_муаллими_ҷадиди_рус_дар_роҳи_Тоҷикистон
Вазорати омӯзиш ва улуми Русия то оғози соли таҳсилии ҷадид 50 муаллим ба Тоҷикистон мефиристад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 21, 2018 03:32 Asia/Dushanbe
  • 50 муаллими ҷадиди рус дар роҳи Тоҷикистон

Вазорати омӯзиш ва улуми Русия то оғози соли таҳсилии ҷадид 50 муаллим ба Тоҷикистон мефиристад.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, Раҳматуллоҳ Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, то аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ, ки оғози соли таҳсилии ҷадид дар ин кишвар аст, 50 муаллим аз Русия барои тадрис вориди мактабҳои Тоҷикистон мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки Русия порсол барои тадрис дар мактабҳои давлатии Тоҷикистон барои бори нахуст ба ин кишвар 30 муаллим фиристод, ки аксари онон дар поёни як соли фаъолияташон, бо тамдиди қарордод дар ин кишвар мондагор шуданд.

Аз дидгоҳи муаллимони русзабон, ризоият аз шароити маишатӣ ва бархурди мӯҳтарамонаи масъулон ва мардуми Тоҷикистон бо онон боис шуд, ки хостори идомаи кору зиндагӣ дар ин кишвар шаванд.

Аксари онон муаллими химия, физика, риёзӣ, зистшиносӣ ва фанновариҳои пешрафтаи компютерӣ ҳастанд.

Давлати Русия мутааҳҳид шудааст, бо пардохти 60 ҳазор рубл (ҳудуди ҳазор доллар), бимаи дармонӣ ва ҳазинаи бори изофии муаллимони русро дар сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон таъмин кунад.

Ҳамчунин бар асоси қарордоди дуҷониба, кишвари Тоҷикистон ҳам маскан ва ҳазинаи парвози омӯзгорони русро таъмин мекунад. Ин иқдом бо ҳадафи афзоиши кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мактабҳои русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.