Июл 21, 2018 11:48 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши каждумгазидагӣ дар вилояти Суғд

Гармои тоқатфарсо боиси афзоиши ҳамлаи каждумҳо ба сокинони вилояти Суғд шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, пизишкони вилояти Суғд аз афзоиши неш задани каждум дар рӯзҳои ахир иттилоъ додаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба гузориши масъулони бемористони шумора 2 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ додаанд, ки танҳо дар як шабонарӯз 12 нафар каждумгазида бо шикоят аз дарди тоқатфарсо ба ин маркази дармонӣ муроҷиа кардаанд.

Ба гуфтаи пизишкон, каждумгазидаҳо зиёд ҳастанд ва ба онҳо кумаки ройгони пизишкӣ расонида мешавад.

Масъулон иллати афзоиши ақраб (каждум) дар хонаҳо ва ҳамлаи онҳо ба инсонҳоро шиддати гармои ҳаво медонанд.