Июл 27, 2018 18:30 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Решаи мушкилоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даврони Шӯравӣ аст

Коршиноси масоили ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, мушкилоти марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон қадимӣ ва бархоста аз сиёсатҳои тафриқаафканонаи даврони Шӯравӣ аст.

Ҳизбуллоҳ Хоҷаев, дар мақолае бо унвони "Воқеиятҳои таърихӣ набояд таҳриф шавад", ки дар тозатарин шумораи ҳафтаномаи “Садои мардум” чопи Душанбе мунташир шудааст, яке аз мушкилоти ҳамвора матраҳ дар масоили марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки ҳамон даъвои сокинони ду тарафи марз бар сари заминҳои кишоварзӣ ва шахсӣ аст, печида хонда ва ҳалли ин масоилро ниёзманди дироят ва хештандории мардум ва мақомоти ду кишвар донистааст.

Ин коршиноси масоили ҳуқуқӣ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон тарҳи созандаеро барои ҳаллу фасли ин мушкил дар равобити ду кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ дар даст дорад, аммо ҷониби Қирғизистон ба ин тарҳ камтаваҷҷуҳӣ мекунад.

Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳо аст, ки хабарсоз аст.

Дар охирин маврид аз даргириҳои марзӣ, рӯзи бистуми июл марзбонони тоҷик ду марзбон ва ду шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карданд.

Дар моҳи июни гузашта низ дар натиҷаи низоъ байни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон, марзбонони қирқиз се неруи мусаллаҳи Тоҷикистонро ба асорат гирифтанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 500 километр он аломатгузорӣ нашудааст.