Даҳҳо ҳазор нафар дар Тоҷикистон хусуф ё моҳгирифтагиро тамошо карданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36950-Даҳҳо_ҳазор_нафар_дар_Тоҷикистон_хусуф_ё_моҳгирифтагиро_тамошо_карданд
Даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Тоҷикистон шаби гузашта (27 июл) дар расадхонаҳои Ҳисор ва Санглох-и Данғара гирди ҳам омаданд ва ҳодисаи нодири хусуфро тамошо карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 28, 2018 09:25 Asia/Dushanbe
  • Даҳҳо ҳазор нафар дар Тоҷикистон хусуф ё моҳгирифтагиро тамошо карданд

Даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Тоҷикистон шаби гузашта (27 июл) дар расадхонаҳои Ҳисор ва Санглох-и Данғара гирди ҳам омаданд ва ҳодисаи нодири хусуфро тамошо карданд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, кураи Моҳ дишаб ва дар соатҳои аввалияи имрӯз барои  ҳудуди ду соат зери сояи замин рафт ва курраи Миррих низ ҳамроҳ бо Моҳ ва замин дар як хат қарор гирифт.

Ин тулонитарин моҳ гирифтагӣ дар тули аср номида шудааст, ки барои тамошои он дар Тоҷикистон даҳҳо нафар аз нуҷумшиносон ва дустдорони илм шаб дар расадхонаи Ҳисор ба рӯз расонданд.

Гирифтани моҳ рӯзи 27 июл ва ба таври рушан соати 23:24 ба вақти Душанбе оғоз шуд ва курраи Моҳ зери сояи замин рафт.

Шавқмандон дар Тоҷикистон ин ҳодисаро, ки ба гуфтаи нуҷумшиносон  дар ҳар 100 сол як бор сурат мегирад аз ду нуқта яъне расадхонаи Санглох дар Данғара ва расадхонаи Ҳисор бо истифода аз телескоп ва дастгоҳҳои аксбардорӣ бо диққат мушоҳида карданд.

Сомонаи Ахбор овардааст агарчи ҳавои абролуд ва баъзан зери абр мондани маҳтоб барои тамош ва аксбардории ин ҳодисаи нодир барои дустдорони кайҳои каме мушкил эҷод кард, аммо дар иваз онҳо тавонистанд лаҳзаҳои ҷолибе дар дурбинҳои худ сабт кунанд ва бо истифода аз телескоп онро аз наздик бубинанд.

Шонси сокинони Тоҷикистон ҳамчун дигар кишварҳои Осиёи марказӣ, Африқо ва Ховари миёна барои мушоҳидаи рушан ва пурраи моҳгирифтагӣ бештар аз дигар кишварҳо буд.

Тулонитарин моҳ гирифтагии асри 21 дар шомгоҳи ҷумъа 27-уми июли 2018 дар соати 21 ва 44 дақиқа дар Эрон оғоз шуд.

Ин руйдоди нуҷумии бисёр зебо дар бештари дунё дида шуд ва ба ҷуз сокинони бахшҳое аз қорраҳои Амрикои шимолӣ, ки фурсати тамошои онро аз даст доданд мардуми сокин дар бахшҳои бузурге аз қорраи Уқиёнуся, Африқо, Аврупо, Амрикои ҷанубӣ ва Осиё  тавонистанд ин руйдодро бубинанд.

Моҳ гирифтагӣ ё хусуф ҳангоме рух медиҳад, ки курраи Моҳ дар ҳолати бадр ва вазъияти муқобила қарор дорад ва сояи замин бар руи он меафтад дар ин ҳолат замин байни Моҳ ва хуршед қарор мегирад.