Таъйиди ҳамлаи мусаллаҳона ба гардишгарон дар Данғара
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гардишгарони хориҷӣ дар Данғара баъд аз тасодуф, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Ба гузориши “Спутник”, Раҳимзода имрӯз, 30-юми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе фоҷеаи кушта ва захмӣ шудани ҳафт гардишгари дучархасавори хориҷиро бисёр нанговар хонд ва таъйид кард, сарнишинони мошин пас аз пахш кардани гардишгарон, бо корд ба маҷрӯҳон ҳамла кардаанд.
Раҳимзода гуфт: “Ин бисёр ҷинояти нанговар аст. Се гумонбари ин ҳодиса таҳти таъқиб ҳастанд. Дар ин бора як гурӯҳи махсус кор мекунад ва мо тамоми фарзияҳоро месанҷем”.
Ба гуфтаи вазир, ин гурӯҳи муттаҳам силоҳи оташзо (гарм) низ доштаанд ва аз корд низ истифода кардаанд.
Ӯ таъкид кард, ки ҳамаи ин ҳолатҳо сабт шудаанд ва дар ҳоли ҳозир моҷаро дар дасти баррасӣ аст.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, аксҳои се муттаҳами фирориро дар ихтиёри расонаҳо қарор додаанд ва ба зудӣ мунташир хоҳад шуд.
Пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар ва боздошти чаҳор узви гурӯҳи муттаҳам дар марги чаҳор гардишгари хориҷӣ дар ноҳияи Данғара хабар дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Абдусамадов Ҳ. А, сокини шаҳри Душанбе, ҳамчунин ду нафар сокини шаҳри Кӯлоб ва як сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун гумонбар дар ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ, боздошт шудаанд.
Амалиёти ҷустуҷӯи муттаҳамони фирорӣ идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон кушта шудани ду дучархасавори амрикоиро дар Данғара таъйид карда гуфт, ки феълан ҷузъиёти бештаре дар ин замина наметавонанд ироа диҳанд.
Сафорат бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони қурбониёни ин ҳодиса таъкид кардааст, ки бо мақомоти тоҷик барои таҳқиқи ин қазия ҳамкорӣ хоҳад кард.