Июл 20, 2016 09:42 Asia/Dushanbe
  • Буҷети давлати Тоҷикистон боз ҳам бо касрӣ рӯ ба рӯ шуд

Буҷети давлати Тоҷикистон дар бахши даромадӣ барои дуввумин соли паёпай бо касрӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки иллати аслии он ба идомаи буҳрони молӣ дар ин кишвар бармегардад.

Ба иттилои сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон,  дар шаш моҳи нахусти имсол ба бахши даромадии буҷети давлати ин кишвар 8 миллиарду 244 миллион сомонӣ ворез шудааст, ки муодили 98,9 дарсад аз барномаи таъиншуда аст.

Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон иллати касрии бахши даромадии буҷети давлати ин кишварро дар ин муддат тавзеҳ надодаанд.

Раванди касрии бахши даромадии буҷети давлати Тоҷикистон дар паи идомаи буҳрони молии ин кишвар дар соли 2015 оғоз шуд, ки дар 5 соли ахир бесобиқа буд.

Соли гузашта танҳо 94 дарсад аз бахши даромадии буҷети давлати Тоҷикистон иҷро ва муҷиб шуд, давлат натавонад ба ваъдаи худ барои афзоиши маоши кормандони созмонҳо ва идороти давлатӣ амал кунад.

Пеш аз ин буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2016, 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ (камтар аз 2 миллиарду 500 миллион доллар) таъин шуда буд, ки чанде пеш бо ҳукми раисҷумҳури ин кишвар 400 миллион сомонӣ коҳиш ёфт.

Ҳамчунин дар 6 моҳи нахусти имсол ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар қиёс бо давраи мушобеҳи соли қабл 56 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Барчасп