Афзоиши 10 то 15 дарсадии маошу нафақа дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37108-Афзоиши_10_то_15_дарсадии_маошу_нафақа_дар_Тоҷикистон
Вазорати молияи Тоҷикистон аз афзоиши маош ва нафақаи бознишастагӣ аз аввали моҳи сентябри соли 2018-и мелодӣ дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 04, 2018 08:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 10 то 15 дарсадии маошу нафақа дар Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон аз афзоиши маош ва нафақаи бознишастагӣ аз аввали моҳи сентябри соли 2018-и мелодӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси ин гузориш, аз аввали сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони ниҳодҳои интизомӣ, полис ва низомиён 10 дарсад ва дигар коркунони давлатӣ ва ҳамчунин нафақаи бознишастагӣ 15 дарсад афзоиш меёбад.

Вазорати молия эълом карда, ҳеҷ монеае барои иҷрои ин тарҳ вуҷуд надорад ва маблағи зарурӣ барои ин манзур дар буҷаи соли ҷории мелодӣ пешбинӣ шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар декабри соли гузашта бо ишора ба тавсеаи иқтисодии ин кишвар ва фурсатҳои молии он гуфта буд, маоши тамоми кормандони ниҳодҳои давлатии ин кишвар аз аввали сентябри соли 2018-и мелодӣ 15 дарсад афзоиш меёбад.

Охирин бор маош дар Тоҷикистон дар июни соли 2016-и мелодӣ 15 то 30 дарсад афзоиш ёфта буд.

Маоши миёна дар Тоҷикистон дар аввали июни соли ҷории мелодӣ тибқи омори расмӣ як ҳазору 198 сомонӣ - муодили 127 доллар баровард шудааст.