Август 04, 2018 20:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳукми барканории 16 имомҷамоат дар Тоҷикистон

Дар идомаи сиёсати исломситезии ҳукумати Тоҷикистон, теъдоди дигаре аз хатибони масоҷиди вилояти Суғди ин кишвар барканор шуданд.  

Суҳроб Рустамзода, раиси Кумитаи дин, ҷашн ва маросими устон вилояти Суғди Тоҷикистон дар нишасте аз барканории 16 имомҷамоати навоҳии мухталифи ин минтақа дар паи имтиҳони тайиди салоҳияти ин афрод хабар дод.  

Вай иддао кард, бархе хатибони масоҷиди ин вилоят ба далели надоштани дониши кофии динӣ ва сиёсӣ барканор шуданд ва вазоифи онҳо ба таври муваққат бар души муовинонашон гузошта шудааст.  

Солҳои ахир давлати Тоҷикистон ба баҳонаи иқдомоти зиддиҳукуматии гурӯҳҳои исломӣ ва имомони масоҷид дар ин кишвар ва иртиботи онҳо бо кишварҳои хориҷӣ, бисёре аз рӯҳониюн ва хатибони масоҷиди ин кишварро барканор ё ҳабс кардааст.

Давлати Тоҷикистон бо вуҷуди аксарияти ҷамъияти мусулмон дар ин кишвар ба шиддат ба дунболи иҷрои сиёсатҳои зидди исломгароёна аст.

Давлати Тоҷикистон бо ин ҳадаф ин сиёсатҳоро иҷро мекунад, ки ба гумони худ битавонад монеи бурузи ифротгарӣ дар ин кишвар шавад.  

Поул Гобел, коршиноси муассисаи Ҷеймзтон дар ин робита менависад: “Таътилии масоҷид ва сиёсатҳои зиддиисломӣ муҷиби аз байн рафтани ифротгарӣ ва терроризм нахоҳад шуд. Балки исломгароён бо таваҷҷуҳ ба хусумати давлат нисбат ба онҳо иқдом ба зерзаминӣ кардани равобити худ ва шакл додан ба мубориза алайҳи давлат хоҳанд кард”.

Додаҳо нишон медиҳад, ки акнун 10 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон аз бекорӣ ранҷ мебарад.

Ин ҷамъият, ки ҷамъияти ҷавоне низ ҳастанд, хоҳони шуғл буда ва дар фуқдони шуғл ба дунболи нерӯи машруъ барои ҳидояти худ дар масири эътироз ба давлат хоҳанд буд.

Аз ин рӯ беҳтар аст, давлати Тоҷикистон робитаи худро бо ислом ислоҳ кунад ва ба ҷои нигоҳ ба ислом ба унвони нерӯе чолишангез, исломро ҳамроҳе барои давлати худ бидонад ва дар ҳамроҳӣ бо ҷомеаи исломӣ дар паи ҳалли мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон бошад.