Бег Сабур дубора Фейсбукро баст?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37133-Бег_Сабур_дубора_Фейсбукро_баст
Корбарони Фейсбук дар гушаҳои гуногуни Тоҷикистон нисбат ба сахт шудани дастрасӣ ба ин шабака аз рӯзи дуввуми август ба баъд, эътироз мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 05, 2018 12:22 Asia/Dushanbe
  • Бег Сабур дубора Фейсбукро баст?

Корбарони Фейсбук дар гушаҳои гуногуни Тоҷикистон нисбат ба сахт шудани дастрасӣ ба ин шабака аз рӯзи дуввуми август ба баъд, эътироз мекунанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, корбарони шабакаи Фейсбук дар Тоҷикистон шикоят доранд тайи се рӯзи шузашта дастрасӣ ба ин шабака хеле сахт шудааст ва ҳатто дар интернет-кафеҳо низ  ин шабака дастнорас аст.

Онҳо мегуянд дар ду рӯзи аввал гоҳе дастрасӣ ба шабака сахт мешуд вале аз рӯзи саввум (шанбе, чаҳорум август) дастрасӣ тақрибан номумкин шудааст.

Иллати аслии  дастнорас будани Фейсбук дар Тоҷикистон ҳануз маълум нест ва мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ, ки ироадиҳандаи интернет ҳастанд тавзеҳе барои ин мушкил  надодаанд.

Ба гуфтаи манбаъ ин мушкил аз рӯзи дуввуми август пас аз интишори мақолаи Раҷаби Мирзо бо номи "се шарти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои гирифтаи маош" дар гуруҳи "Ахбор барои Афкор" дар Фейсбук ба вуҷуд омад.

Дар ин мақола аз Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба шиддат интиқод шуда, ки бо бетаваҷҷуҳӣ ба масъулияти давлатиаш ҳафтаҳо аст дар маҳалли кори аслиаш ғайбат дорад ва фақат машғули расидагӣ ба вазъияти сохтмонҳои сершумораш аст.

Ба гуфтаи муъаллифи мақола, Бег Сабур барои кормандони Хадамоти алока ин шартро таъин кардааст, ки дар сурати  иштирок доштан дар кори назорат бар яке аз сохтмонҳои ӯ, маошашонро хоҳанд гирифт ва агар касе розӣ нест азира нависад ва аз кор равад.

Ба гуфтаи сомонаи Ахбор, Бег Сабур ки бо қарорҳои худхоҳонааш машҳур аст қаблан низ чанд маротиба шабакаҳои интернетии маъруф аз ҷумла Фейсбук, Одноклосникӣ ва Ютюб ро масдуд карда буд.

Манбаъи хабар эҳтимол додааст мақолаи Раҷаби Мирзо далели қаҳри навбатии раси Хадамоти алоқа аз Фейсбук бошад.