Шиносномаҳои тоҷикии омилони ҳамлаи террористӣ ба Сафорати Чин дар Қирғизистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо интишори баёнияе эълом кард, омилони ҳамлаи интиҳории сиюми август ба Сафорати Чин дар шаҳри Бишкек, шиносномаи Тоҷикистонро доштаанд.
Ба гузориши "СА-нюс", дар ин баёния омадааст, ки Зоир Халилови 33- сола аз қавми уйғур, омили аслии ҳамлаи террористӣ ба Сафорати Чин дар Бишкек буда ва шиносномаи шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистонро доштааст.
Бар асоси ин гузориш, Халилов узви гурӯҳи террористии "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ" аст , ки ҳамакнун дар Сурия дар қолаби гурӯҳи такфирии Ҷабҳаи Аннусра фаъолият мекунад.
Ин баёния меафзояд: "Фарди дуввуме, ки заминаи ин амалиёти террористиро фароҳам карда, ҷавони 25 солае ба номи Иззатуллоҳ Сотибоев будааст, ки вай низ бо шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба исми Ф. Бобоҷонов вориди Қирғизистон шуда буд".
Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи шиносномаҳои тоҷикистонии ин ду террорист вокуниш нишон надодаанд.
Сотибоев бо исми рамзии "Алӣ", аз ӯзбакҳои шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон буда, ки дар Сурия омӯзишҳои террористӣ дидааст.
Маъмурияти Сотибоев таҳияи мошини муҷаҳҳаз ба маводи тарканда ва кӯмак ба Зоир Халилов, барои ҳамла ба Сафорати Чин дар шаҳри Бишкек будааст.
Вай 16-уми июн вориди Қирғизистон шуда ва сиюми август, чанд соат қабл аз ин ҳамлаи интиҳорӣ бо парвози Ӯш - Истамбул ба Туркия гурехтааст.
Бар асари ҳамлаи террористӣ ба Сафорати Чин дар Бишкек, ду корманди қирғизи ин сафорат захмӣ ва ба таъсисоти ин макон хисороти зиёде ворид шудаст.
Дар ин робита 5 шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудаанд.
Давлати Қирғизистон ҳамчунин барои дастгирии 4 гумонбари дигари ин ҳодиса, аз кишварҳои хориҷӣ ва Интерпол дархости кӯмак кардааст.