Заминаи ҷазби гардишгарон дар Тоҷикистон фароҳам шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37255-Заминаи_ҷазби_гардишгарон_дар_Тоҷикистон_фароҳам_шудааст
Мақомоти гардишгарии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфтаанд, заминаҳои ҷазби гардишгарон дар Тоҷикистон фароҳам шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 11, 2018 06:40 Asia/Dushanbe
  • Заминаи ҷазби гардишгарон дар Тоҷикистон фароҳам шудааст

Мақомоти гардишгарии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфтаанд, заминаҳои ҷазби гардишгарон дар Тоҷикистон фароҳам шудааст.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, мақомоти гардишгарии кишварҳои ИДМ дар ҳошияи иҷлоси Шӯрои гардишгарии ин иттиҳод дар шаҳри Душанбе, бо ишора ба вуҷуди замина ва зерсохтҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд, ин амр метавонад Тоҷикистонро ба унвони як кишвари дорои зарфиятҳои бузурги гардишгарӣ дар ҷаҳон муаррифӣ кунад.

Ширкаткунандагони ин иҷлос ҳамчунин мавзуоте аз қабили такмили сохтори мудирияти гардишгарӣ, тавсеаи мушорикати давлат ва бахши хусусӣ, ҷазби гардишгарони хориҷӣ ва дохилӣ ва ҷазби сармоягузорӣ барои тавсеаи гардишгариро баррасӣ карданд.

Дар ин иҷлос фаъолияти Шӯрои гардишгарии кишварҳои ИДМ дар тавсеаи гардишгарӣ муҳим арзёбӣ ва қарор шудааст иҷлос баъди ин шӯро дар соли 2019 -и мелодӣ дар Самарқанди Ӯзбакистон баргузор шавад.

Дар иҷлоси Шӯрои гардишгарии кишварҳои ИДМ дар Душанбе, мақомоти гардишгарии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, Русия ва Ӯзбакистон ширкат карданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумони ин кишвар, соли 2018 -и мелодиро Соли тавсеаи гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон эълом кард.

Ҳамчунин ба манзури тавсеаи барномаҳои давлати Тоҷикистон барои ҳавзаи гардишгарӣ, кумитае ба номи Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон таъсис шуд.

Ахиран низ баъд аз ҳамлаи террористии чанде қабл ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон, бахши полиси вижаи гардишгарӣ барои роҳнамоии туристҳо созмон ёфт.