Август 11, 2018 19:54 Asia/Dushanbe
  • Афви 7 узви Салафия дар Тоҷикистон бори нахуст

ВКД хабар дод, ки раёсати кофтукови ҷиноии ин вазорат 7 паёрави ҷараёни мамнӯи Салафияро аз ҷумҳурии Бошқирдистони Русия ба Тоҷикистон баргардондаанд.

Ба нақл аз Форс, ин пайравони Салафия баъди оғози боздоштҳои ҳамсафашон ба шаҳри Уфа паноҳ бурда буданд. Ин бори аввал аст, ки пайравони Салафия бо истифода аз афв ба Ватан баргардонда мешаванд.

​Бахтиёр Бобоев, Абдурашид Ғаниҷонов, Нурулло Саъдуллоев, Субҳониддин Ҷалолиддинов, Суҳроб Сатторов, Абдусалом Ғаниев ва Содиқ Абдуллоев ахиран бо мусоидати раёсати кофтукови ҷиноии ВКД аз Русия ба Ватан баргардонда шуда, ҳоло дар зодгоҳашон шаҳри Исфара дар канори наздикони худ ба зиндагии осоишта оғоз кардаанд.

Онҳо баъди бозгашт бо дархости афв ба мақомот муроҷиат кардаанд ва бар асоси эзоҳи зери моддаи 307-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ин 7 нафар мавриди афв қарор гирифтаанд. Ин эзоҳ дар сурати бозгашти ихтиёрӣ ва изҳори пушаймонӣ афви онҳоеро, ки дар созмони мамнӯи мазҳабӣ узвият доштанд ваё ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ даъват кардаанд ва ягон ҷинояти дигар надоранд, иҷозат медиҳад.

Ин бори аввал аст, ки ВКД дар бораи бозгашти пайравони ҷараёни мамнӯи мазҳабии Салафия бо истифода аз ин имкони афв хабар медиҳад. Қаблан дар бораи бозгашти бештар ҷангиёни собиқи ДОИШ ва гуруҳҳои дигари ифротӣ аз Ироқу Сурия ва ҳам тарафдорони мухолифин аз "Гуруҳи 24” ва ҳизби наҳзати ислом (ҲНИТ) – ду гуруҳи дар Тоҷикистон мамнӯъ – гузориш шуда буд.

Аз ҷумла ВКД хабар дод, ки танҳо дар моҳҳои охир беш аз 100 узви ҲНИТ ин имкони афвро истифода бурда, ба Ватан баргаштанд ва мавриди афв қарор гирифтанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷараёни Салафияро дар соли 2009 мамнӯъ эълон карда, дар соли 2014 ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Баъди манъи фаъолияти ин ҳизб ва боздошту маҳкум ба зиндон шудани садҳо нафар бо ҷурми салафигароӣ тарафдорони ин ҷараён аксаран тарки Тоҷикистон карданд.