Август 12, 2018 09:28 Asia/Dushanbe
  • Эъломи таърихи нахустин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон пас аз 17 сол

Нашрияи ҳукумат ва маҷлиси намояндагони Узбакистон бо таърихӣ хондани дидори расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Узбакистон дар 17 соли ахир, аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, тайи рӯзҳои 17-18 августи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сойти рӯзномаи “Садои Мардум”-и чопи Тошканд, ин нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон тайи 17 соли ахир хоҳад буд, ки интизор меравад ба нуқтаи атфе дар равобити Душанбе ва Тошканд табдил шавад.

Коршиносон мӯътақиданд, ки дар дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Убакистон дар Тошканд мавзӯъҳое, монадни аломатгузории бахше аз марзи муштараки мушаххас нашудаи ду кишвар, таъйини таърихи барчидани минаҳои коргузошта шуда аз минотиқи марзии дуҷониба ва созшномаҳои ҷадиди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ ва тиҷорӣ, об ва энержӣ, ҳамлу нақл, илмӣ ва фарҳнагӣ, беҳдоштӣ ва дармонӣ баррасӣ ва имзо хоҳад шуд.

Пас аз марги Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Узбакистон дар моҳи сентябри соли 2016, муносиботи ин кишвар бо Тоҷикистон раванди пуршитоб ва рӯ ба густариширо ба худ гирифтааст.