Коҳиши ногаҳонии арзиши рубл дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37322-Коҳиши_ногаҳонии_арзиши_рубл_дар_Тоҷикистон
Бархе аз муассисаҳои молии Тоҷикистон аз поин омадани ногаҳонии арзиши рубли русӣ дар ин кишвар хабар медиҳанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 13, 2018 08:09 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ногаҳонии арзиши рубл дар Тоҷикистон

Бархе аз муассисаҳои молии Тоҷикистон аз поин омадани ногаҳонии арзиши рубли русӣ дар ин кишвар хабар медиҳанд.

Ба гузориши Спутник, аз ҷумла бонки Эсхата, имрӯз (13 август), арзиш 1000 рубли русиро 134.5 сомонӣ, зимни харид ва 135.5 сомонӣ зимни фурӯш эълом кард, ки поёнтарин нишондод дар моҳҳои ахир аст.

Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз арзиши рубли русиро 0.1403 сомонӣ мушаххас ва арзиши доллар тақрибан бетағйир муодили 9.42 сомонӣ, боқӣ мондааст.

Ин дар ҳоле аст, ки нимаи моҳи июли арзиши 1000 рубли русӣ дар Тоҷикистон аз 151 сомонӣ бештар буд.

Коҳиши арзиши рубл, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо ин арз ҳуқуқ мегиранд, зарбаи ҷиддӣ ба даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки мубодилаи арз аз тариқи поёнаҳо ва асосан хориҷ аз бонк, қатъиян мамнуъ аст ва нақзи меъёри мазкур пайгарди қонуниро ба думбол хоҳад дошт.