Чархболи нопадид шуда дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон пайдо шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37325-Чархболи_нопадид_шуда_дар_кӯҳҳои_Помири_Тоҷикистон_пайдо_шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон аз барқарории иртибот бо чархболи ҳомили 13 кӯҳнаварди хориҷӣ дар кӯҳҳои Помири Бадахшон, хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 13, 2018 09:38 Asia/Dushanbe
  • Чархболи нопадид шуда дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон пайдо шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон аз барқарории иртибот бо чархболи ҳомили 13 кӯҳнаварди хориҷӣ дар кӯҳҳои Помири Бадахшон, хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Умеда Юсуфова, сухангӯи ин кумита гуфт, дар ҳоли ҳозир мутахассисон бо кӯҳнавардони гумшуда иртибот барқарор кардаанд ва макони дақиқи фуруд омадани онҳо мушаххас шудааст.

Юсуфова афзуд, ба манзури ироаи кумакҳои лозим ба кӯҳнавардони хориҷӣ се чархболи ҳомили кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва пизишкон аз фурудгоҳи Лахш ба минтақа эъзом шуданд.

Юсуфова гуфт, иттилооти дақиқтар дар ин хусус ба маҳзи расидани гурӯҳи наҷот ба маҳалли ҳодиса, ироа хоҳад шуд.

Тибқи гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми августи соли равон чархболи Ми-8, ки кӯҳнавардонро аз қуллаи Исмоили Сомонӣ бармегардонд, дар поёноби пиряхи Фортамбек ба кӯҳ бархӯрд. Бино ба хабарҳои аввалия ин чархбол замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ бармегардонд.

Дар пайи ин ҳодиса барои ҷустуҷӯи кӯҳнавардони хориҷӣ комиссияи муташаккил аз намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода, Кумитаи амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати беҳдошт эҷод шуд.

Хабаргузории Азия Плюс, низ бо истинод ба манобеи худ, кӯҳнавардони гумшударо шаҳрвандони кишварҳои Русия, Беларус ва Испания муаррифӣ кардааст.