Вазъияти номусоиди ҳаво – далели фуруди изтирории чархболи ҳомили кӯҳнавардон
(last modified Tue, 14 Aug 2018 04:19:35 GMT )
Август 14, 2018 09:19 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти номусоиди ҳаво – далели фуруди изтирории чархболи ҳомили кӯҳнавардон

Кумитаи давлатии шароити изтирории Тоҷикистон эълом кард, баррасии аввалияи ҳодисаи фуруди изтирории чархболи ҳомили кӯҳнавардони рус дар кӯҳҳои Бадахшон нишон медиҳад, иллати ин фоҷиа вазъи номусоиди ҳаво, набудани диди муносиб ва боди шадид будааст.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, дар ин ҳодиса се кӯҳнаварди рус ва ду халабони тоҷик ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин 12 кӯҳнавард ва як халабони захмии дигар низ бо болгардҳои пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон ба маркази ноҳияи Лахш ва сипас шаҳри Душанбе мунтақил шуданд ва дар бемористон таҳти табобат қарор гирифтанд.

Субҳи рӯзи 12-уми август болгарди МИ-8-и ҳомили 13 кӯҳнаварди хориҷӣ аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ба паноҳгоҳи онҳо воқеъ дар поинтарин нуқтаи пиряхи Фортамбек дар ноҳияи Лахш дар ҳоли ҳаракат буд, ки дучори мушкил шуд ва дар иртифои 4 ҳазору 500 метр фуруди изтирорӣ кард. Пас аз қатъ шудани иртибот бо ин болгард комиссияи муташаккил аз намояндагони Кумитаи шароити изтирорӣ, Кумитаи амният, Вазорати умури дохилӣ, Вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба манзури ҷустуҷӯи кӯҳнавардони хориҷӣ ташкил шуд.

Гуфта мешавад, Музаффар Файзуллоеви 71-сола ва халабони аслии ҷонбохта дар ин ҳодиса яке аз беҳтарин мутахассисони парвоз дар чархболҳои низомии МИ-8 ба ҳисоб меомад.

11 кӯҳнавард шаҳрванди Русия ва ду нафари дигар низ шаҳрвандони Белорусия ва Испания буданд.