Ҳушдори Амрико ба шаҳрвандонаш: Дар сафар ба Тоҷикистон эҳтиёт кунед
Давлати Амрико ба шаҳрвандони ин кишвар дар бораи сафар ба Тоҷикистон ҳушдор дода таъкид кардааст, дар сафар ба ин кишвар эҳтиёт дошта бошанд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин ҳушдор аз сӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико дар пайи арзёбии авзои кунунии Тоҷикистон дода шудааст. Вазорати хориҷии Амрико дар арзёбии худ ба лиҳози амниятӣ Тоҷикистонро дар зумраи кишварҳое дониста, ки шаҳрвандонаш ҳангоми сафар ба ин кишварҳо бояд хеле эҳтиёт кунанд. Аз миёни кишварҳои шӯравии собиқ дар ин феҳрист танҳо ду кишвар, Тоҷикистон ва Украина қарор доранд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз нисбат ба иқдоми ҷадиди амниятии Амрико дар бораи сафари шаҳрвандонаш ба ин кишвар вокуниш нишон надодаанд, аммо дар гузашта давлати Тоҷикистон иддаоҳо ва иқдомоти мушобеҳи Амрикоро ғайривоқеӣ арзёбӣ карда буд.
Ҳушдори Амрико ба шаҳрвандонаш дар бораи сафар ба Тоҷикистон дар ҳоле баён мешавад, ки ду ҳафта пеш ду гардишгари амрикоӣ ҳамроҳ бо ду гардишгар аз кишварҳои Шведсия ва Нидерландия дар ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон кушта шуданд. Гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифта буд.