Имзои фармони афзоиши маош аз аввали сентябр дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37352-Имзои_фармони_афзоиши_маош_аз_аввали_сентябр_дар_Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми август фармони афзоиш то 15-дарсадии маош ва дастмуздҳо аз аввали сентябрро имзо кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 14, 2018 09:42 Asia/Dushanbe
  • Имзои фармони афзоиши маош аз аввали сентябр дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми август фармони афзоиш то 15-дарсадии маош ва дастмуздҳо аз аввали сентябрро имзо кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки бо унвони "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия" имзо шуд, омадааст, ҳадаф аз афзоиши ҳаҷми маош боло бурдани сатҳи рифоҳ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон мебошад. Тибқи ин фармон, аз аввали сентябр маоши кормандони бахшҳои маориф ва тандурустӣ, кормандони идораҳои давлатӣ ва бурсияи донишҷӯён (стипендия) 15 дарсад, ҳуқуқи бознишастагон (нафақа) аз 13. 5 то 15. 4 дарсад ва маоши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён 10 дарсад афзоиш меёбад. Гуфтанист, афзоиши ҳуқуқи маълулон низ дар ҳоли бознигарӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2017 дар паёми солонааш ваъда дода буд, ки дар соли 2018 маоши кормандони давлатӣ бозбинӣ хоҳад шуд.

Маоши кормандони идораҳои давлатӣ, нафақа ва бурсияи таҳсилӣ дар Тоҷикистон охирин бор моҳи июни соли 2016 аз 15 то 30 дарсад афзоиш ёфта буд.