Афзоиши воридоти гандум ба Тоҷикистон дар соли 2018
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз афзоиши тадриҷии воридоти гандум ва коҳиши воридоти орд ба ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси ин гузориш, дар тӯли ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 19 ҳазор тон орд вориди Тоҷикистон шуда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 11.7 ҳазор тон камтар аст.
Ин дар ҳолест, ки зарфи ин муддат 661.2 ҳазор тон гандум ба маблағи 168 миллион доллар ба ин кишвар ворид шудааст, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2017 - и мелодӣ ба ҳаҷми 132.2 ҳазор тон бештар аст.
Воридкунандаи аслии орду гандум ба бозори Тоҷикистон ҳамонанди қабл кишвари Қазоқистон аст.
Дар ҳоли ҳозир 90 дарсади ниёзи Тоҷикистон ба орд аз воридоти гандум ва пардозиши он дар дохили кишвар таъмин мешавад, ки ин муҳим дар навбати худ мунҷар ба коҳиши воридоти орд ба ин кишвар шудааст.