Хатаре мутаваҷҷеҳи кӯли Сарез дар Тоҷикистон нест
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37580-Хатаре_мутаваҷҷеҳи_кӯли_Сарез_дар_Тоҷикистон_нест
Мақомоти тоҷик нисбат ба набуди хатари кӯли Сарез дар шарқи ин кишвар, итминон дода ва тасреҳ карданд, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ хатаре мутаваҷҷеҳи ин кӯл нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 24, 2018 16:16 Asia/Dushanbe
  • Хатаре мутаваҷҷеҳи кӯли Сарез дар Тоҷикистон нест

Мақомоти тоҷик нисбат ба набуди хатари кӯли Сарез дар шарқи ин кишвар, итминон дода ва тасреҳ карданд, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ хатаре мутаваҷҷеҳи ин кӯл нест.

Ин матлабро дирӯз Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории “Новости”-и Русия эълом доштааст.

Ба гуфтаи генерал Назарзода авзои кули Сарез таҳти контроли доимии ниҳодҳои зирабт ва мутахассисони умури энержӣ ва зилзила қарор дорад ва бад-ин манзур, дастгоҳҳои ҳушдордиҳандае дар соҳил ва умқи дарёча насб шудааст.

Кӯли Сарез бо тӯли 70 километр ва умқи 500 метрӣ ва сади 567 метрӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон қарор дорад. Ин минтақа яке аз манотиқи зилзилахез маҳсуб мешавад. Худи кӯли Сарез низ дар соли 1911бар асари зилзилаи шадид ва ронаши кӯҳ ба вуҷуд омад.

Дар маҳофили хабарӣ мураттабан роҷеъ ба имкони тахриби сади кӯли Сарез бар асари ҳаводиси табиӣ ҳушдор дода мешавад. Бар асоси ин гуна ҳушдорҳо дар сурати тахриби сади Сарез, зиндагии беш аз 6 миллион ҷамъият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо хатар мувоҷеҳ мешавад.