Июл 20, 2016 10:44 Asia/Dushanbe
  • Умедвории Тоҷикистон ба аломатгузории бахшҳои ҷадиде аз марз бо Қирғизистон

Ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчунон дар гарави тавофуқи ду кишвар бар сари аломатгузории марзи муштарак аст ва мақомоти Тоҷикистон умедворанд, бо фаъол шудани Комиссияи муштараки масоили марзии ду кишвар то поёни сол бахшҳои дигаре аз марзи муштарак таъини таклиф шавад.

Мақомоти Кумитаи замин ва нақшабардории Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардаанд, ки то поёни имсол бахшҳои дигаре аз манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шавад.

Ба иттилои сайти КА-Ниюз, Ифтихор Ҷуразода, корманди аршади Кумитаи замин ва нақшабардории Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки музокирот миёни мақомоти сиёсӣ ва марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ бар сари аломатгузории бахшҳои дигаре аз марзи муштараки ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд идома дорад.

Ин мақоми давлатии тоҷик бидуни ишора ба манотиқи мушаххасе аз марзи муштараки ду кишвар афзуд: Бо тақвияти фаъолияти Комиссияи муштараки масоили марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахшҳои дигаре аз марзи ду кишвар дар шаш моҳи оянда аломатгузорӣ хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар теъдоде аз мақомоти давлатӣ дар вилояти Суғд бар ин боваранд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд бо муовизаи замин дар манотиқи марзӣ, чанд рустои тоҷикнишин ва қаирғизнишинро аз ҳолати муҳосира хориҷ кунанд ва ба ихтилофи сокинони ин рустоҳо бар сари роҳҳои иртиботӣ поён диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки дар паи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъини таклиф шудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари истифода аз роҳҳои иртиботӣ, манобеи об ва чарогоҳҳо дар манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд ихтилофи назар доранд, ки монеи имзои тавофуқи ҷомеъ дар заминаи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар шудааст .

Барчасп