Поёни мавсими кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37614-Поёни_мавсими_кӯҳнавардӣ_дар_Тоҷикистон
Шӯрои давлатии рушди гардишгарии Тоҷикистон аз поёни мавсими кӯҳнавардӣ дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 26, 2018 04:22 Asia/Dushanbe
  • Поёни мавсими кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои давлатии рушди гардишгарии Тоҷикистон аз поёни мавсими кӯҳнавардӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории русии РИА Новости, бо интиқоли охирин гурӯҳи 13 нафарӣ аз куҳнавардони хориҷӣ пас аз фатҳи қуллаи 7 ҳазору 495 метрии Исмоили Сомонӣ дар вилояти Бадахшон тавассути чархбол ба ноҳияи Лахш, мавсими кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон ба поён расид.

Шӯрои давлатии рушди гардишгари Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар соли ҷорӣ 125 кӯҳнавард аз 20 кишвари ҷаҳон муваффақ ба сууд ба қуллаи 7 ҳазору 495 метрии Исмоили Сомонӣ шудаанд. Ин кӯҳнавардон аз Олмон, Русия, Италия, Утриш, Украина, Беларус, Туркия, Эстония, Бритониё, Испания, Дания, Фаронса, Суэд, Мексика, Норвегия, Полша, Литва, Канада, Қазоқистон ва Қирғизистон будаанд, ки муртафетарин (баланд) қулларо дар куҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон фатҳ карданд. Акнун ба далели сард шудани ҳаво ва маҳдуд шудани дид, имкони сууд (фатҳ) ба қуллаи Исмоили Сомонӣ вуҷуд надорад ва ба таври расмӣ поёни мавсими кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон эълом шуд.

Албатта дар мавсими кӯҳнавардии имсол дар Тоҷикистон як маврид ҳодисаи нохуш низ рух дод, ки бар асари бархӯрди як чархболи “МИ- 8”-и Горди миллии Тоҷикистон ҳомили 15 кӯҳнавард дар куҳҳои Бадахшон дар рӯзи 12 –уми августи соли ҷорӣ, се кӯҳнавард русӣ ва духалабони тоҷик ҷони худро аз даст доданд.