Соли 2020: Поёни ислоҳот дар милитсияи Тоҷикистон
Ҳамоҳангсози барномаи миллии ислоҳот дар сохтори пулис (милитсия)-и Тоҷикистон мегӯяд, то ба ҳол 75 дарсад аз тарҳи тағйири сохтории ин ниҳод, анҷом шуда ва дар соли 2020 такмил хоҳад шуд.
Ба гузориши Ахбор, генерал-майор Фарҳод Шодмонзода таъкид кардааст, ки бар асоси барномаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо қарор аст, пулиси Тоҷикистон бо тағйири сохторӣ ва номи хеш низ рӯбарӯ шавад.
Номи феълии ин ниҳод милитсия, боқимонда аз даврони ҳукумати Шӯравӣ аст, ки акнун бар асоси барномаи муштараки Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо то соли 2020 ба политсия тағйир ном медиҳад ва вазоифи он, низ дигар мешавад.
Ба гуфтаи Шодмонзода ин ислоҳот шомили иртиқои сатҳи дониши ҳирфаии кормандон, афзоиши ҳуқуқ онон ва вогузарии бархе аз ихтиёрот ба дигар ниҳодҳо ва вазоратхонаҳо хоҳад шуд.
Аз ҷумла масъулияти нигаҳдорӣ ва дармони мӯътодон ба машруботи спиртӣ , ки то ба ҳол бар ӯҳда пулис (милитсия) буд ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон вогузар хоҳад шуд.
Ҳамчунин кори ҷамъоварӣ ва нигаҳдории афроди бесарпараст ва овора пас аз ислоҳоти сохтори пулиси Тоҷикистон бар ӯҳда Вазорати кор ва муҳоҷирати ин кишвар қарор хоҳад гирифт.
Яке аз бандҳои муҳимми ин ислоҳот, ки бояд Созмони амният ва ҳамкории Аврупо сармоягузории онро бипазирад, таъмини таҷҳизоти фаннӣ, либоси ҷадид, сохти хона, варзишгоҳ ва марокизи дигари дармонӣ ва омӯзишӣ барои пулиси Тоҷикистон аст.