Август 28, 2018 08:44 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон андозаи қабру санги ёдгорӣ низ танзим шуд

Мақомоти Кумитаи давлатии танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ҳаҷму андозаи қабр ва санги ёдбуди рӯйи қабрҳоро низ мушаххас карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, бар асоси ин дастур, акнун андозаи қабр дар Тоҷикистон ду метр тӯл ва якуним метр арз хоҳад дошт. Ҳамчунин насби сангу лавҳи ёдбуди рӯйи қабри фавтидагон мушаххас шудааст, ки дар шакли уфуқӣ дар тӯли якуним метр, арзӣ як метр ва иртифои он 50 сантиметр хоҳад буд. Аммо санги қабр дар шакли амудӣ бояд иртифои як метр, арзӣ 50 сантиметр ва 10 сантиметр ғафс бошад.

Дар Тоҷикистон аз соли 2007 Қонуни танзими ҷашну маросими амал мекунад, ки наҳваи баргузорӣ, теъдоди ширкаткунандагон, навъи ғизо, андозаи суфра дар рӯзҳои идҳои Рамазону Қурбон ва амсоли онро мушаххас карда, барои тахаллуф аз ин қонун ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба пардохти ҷарима маҳкум шудаанд.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳадаф аз иҷрои ин қонун ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ аст, аммо коршиносон ин муқарраротро мудохила дар зиндагии хусусии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ҳуқуқи онон медонанд.